ТО СОЛИ 2010 ШАҲРВАНДИ РУСИЯ ШУДАН ОСОНТАР ХОҲАД БУД
Маскав, 18 декабр. (АМИТ «Ховар» — Регнум). — Думаи давлатии Федератсияи Русия 17 декабр лоиҳаи қонунро «Дар бораи даровардани тағйирот ба моддаи 14 қонуни федералӣ «Оид ба шаҳрвандии Федератсияи Русия» маъқул донист. Мувофиқи қонун, шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд то 1 январи соли 2010 мувофиқи тартиботи соддакардашуда шаҳрванди Русия гарданд. Ба қавли муовини раиси кумитаи қонунгузории конститутсионӣ ва сохтори давлатии Думаи давлатӣ Сергей Сметанюк, қонун пешбинӣ мекунад, ки мӯҳлати додани ҳуқуқи шаҳрванди Русия ба шаҳрвандони хориҷӣ то 1 январи соли 2010 дароз карда шуд. Ин ба мақомоти салоҳиятдор имкон медиҳад, ки роҳу усулҳои ҳалли масъалаи додани шаҳрвандии Русияро ба шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бетабаияти дар гузашта шаҳрванди ИҶШС буда, ки ҳуқуқи шаҳрвандии давлатҳои дигари Иттиҳоди Шӯравиро ба даст наовардаанд, ҳаллу фасл намоянд. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони бетабаияти аз давлатҳои собиқи шӯравӣ ба Русия омада, ки дар маҳалли зисташон ба қайд гирифта шудаанд ва аз 1 июли соли 2002 дар қаламрави Русия зиндагӣ мекунанд, инчунин шахсоне, ки ба зиндагии муваққатӣ иҷозатнома гирифтаанд, аз рӯи тартиботи соддакардашуда шаҳрванди Русия гардида метавонанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






