ТОЛИБИЛМОНИ ТОҶИК БА ТЕҲРОН РАФТАНД

Декабрь 29, 2008 16:31

Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар доираи тақвияти ҳамкории Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Вазорати омӯзишу парвариши Эрон гурӯҳи мактаббачагони тоҷик ба Теҳрон сафар карданд. Дар маросими гусели мактаббачагон, ки дар Сафорати Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд, намояндаи сафорати ин кишвар дар Душанбе Парвизи Самадӣ гуфт: «Ҳадафи ташкили чунин сафарҳо ба Эрон тавсеаи робитаҳои илмию фарҳангии ду кишвари ҳамзабон аст». Тибқи иттилои директори мактаби ҷумҳуриявии бачагони болаёқати Вазорати маорифи мамлакат Шокирҷон Гадоев, гурӯҳи толибилмоне, ки ба Эрон сафар карданд, хонандагони болаёқат ва дорои истеъдоди баланд буда, дар чандин озмуну олимпиадаҳои шаҳриву вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намудаанд. Муддати 10 рӯз 26 нафар толибилм ва 4 нафар омӯзгори тоҷик аз ҷойҳои таърихию фарҳангии Эрон дидан намуда, бо ҷараёни таълим дар дабистонҳои ин кишвар шинос мешаванд.

Декабрь 29, 2008 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид