УБУРУ МУБУРИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ АЗ САРҲАДИ ӮЗБЕКИСТОН МАҲДУД КАРДА ШУД
Душанбе, 2 декабр. АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). – Ҷумҳурии Ӯзбекистон убуру мубури шаҳрвандони Тоҷикистонро аз сарҳадҳои худ маҳдуд сохт. Роҳбари раёсати иттилооти вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Назриев ин мавзӯъро шарҳ дода, зикр намуд, шаҳрвандоне, ки шиносномаҳои дипломатӣ доранд, шаҳрванди Русия мебошанд, инчунин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Ӯзбекистон ба ватан бармегарданд, аз сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон бемалол гузар карда метавонанд. Ҷониби Ӯзбекистон қарори маҳдуд сохтани рафту омади шаҳрвандонро тавассути сарҳадҳои худ ба таври якҷониба бе огоҳ намудани ҷониби Тоҷикистон қабул кардааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон айни ҳол ба равшан сохтани ин масъала машғул аст, гуфт Давлат Назриев.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






