«UNISTREAM» БО «ФОНОНБОНК»-И ТОҶИКИСТОН ҲАМКОРӢ МЕКУНАД
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Низоми байналмилалии интиқоли маблағҳои пулии «UNIStream» бо ҶСК «Фононбонк»-и Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ имзо кард. Дар созишнома рушди шабакаҳои нуқтаҳои хизматрасонӣ тавассути шӯъбаҳои бонк, ки дафтари асосиаш дар шаҳри Душанбе воқеъ аст, пешбинӣ шудааст. Бояд зикр намуд, ки дар Тоҷикистон қариб 500 нуқтаи низоми «UNIStream» амал мекунад. Қобили қайд аст, ки низоми «UNIStream» дар Тоҷикистон бо 11 ниҳоди молиявӣ, аз қабили «Тоҷпромбонк», «Агроинвестбонк», «Бонки Эсхата» ва ғайра ҳамкорӣ дорад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






