ВАРЗИШГАРОН БА МУСОБИҚАИ ГУШТИНГИРӢ ОМОДАГИИ БЕҲТАР ДИДААНД

Декабрь 6, 2008 10:11

             Хоруғ, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ солҳои охир ба рушди варзиш дар деҳот эътибори ҷиддӣ медиҳад. Миёни ҷавонон ва мактаббачагон пайваста мусобиқаҳо гузаронида мешавад. Чунончи, ҳафтаи ҷорӣ дар толори варзишгоҳи ҷамоати Поршнев мусобиқаи варзишӣ аз намуди гуштини миллӣ баргузор гардид.             Тавре мутахассиси бахши варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Бек Хусравов иттилоъ дод, дар мусобиқа 134 нафар варзишгарон иштирок намуданд. Ҷавонону наврасон аз кулли усулҳои ин намуди варзиш истифода бурда, қувваозмоӣ карданд.             Мусобиқа нишон дод, ки варзишгарон Алишери Ҳамроз, Интизор Абдуллоев, Саид Эҳсонов, Мирзо Алибахшов, Алидод Сафарбеков, Мақсуд Лашкарбеков, Рустами Салимзод ва Сарбози Сиҷотхон ба ин мусобиқа омодагии беҳтар дидаанд.             Ғолибон бо мукофотҳои қимматбаҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят қадрдонӣ карда шуданд.  

Декабрь 6, 2008 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид