ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ СОЛИ 2009 МУАЙЯН ГАРДИДААНД

Декабрь 12, 2008 15:55

          Душанбе,  12  декабр. (АМИТ «Ховар»,  Покиза  Маҳмадбекова). –  Имрӯз  вазорати  рушди  иқтисод  ва  савдои  ҷумҳурӣ  дар  мавзӯи  «Натиҷаҳои  соли  гузашта  ва  вазифаҳои  соли оянда»  машварат  баргузор  гардид. Машваратро   вазорати  рушди  иқтисод ва  савдои  ҷумҳурӣ  ҳамроҳи  Муассисаи  рушди  СММ гузаронид. Дар  он  ба вобастагии  мутақобалаи  хусусиятҳоит  маҳаллии  рушд  бо ҳуҷҷатҳои  стратегии  дорои  аҳамияти  миллӣ,  аз  чумла,  барномаи  стратегии  кам  кардани  сатҳи  камбизоатӣ  ва  барномаи  миллии   рушди  мамлакат   дар  давраи  то  соли  2015  диққати  махсус  дода шуд. Ҳадафи  барнома  бештар  сохтани  самара  ва  тақвияти  ҳамкорӣ  бо  созмонҳои  ҳукуматӣ   барои   ислоҳоти  ҷараёни  таҳия  ва  амалӣ  сохтани барномаҳои рушд ва  таҳияи буҷет дар  сатҳи   вилоятҳо  ва  ноҳияҳо  мебошад.  Дар  машварат   намояндагони  Маркази  тадқиқоти  стратегии  назди  Президенти  ҷумҳурӣ,  Пажӯҳишгоҳи такмили  ихтисоси  хизматчиёни  давлатӣ,  кумитаи  давлатии  омор,   вазорати  молия,  созмонҳои  байналхалқӣ  ва  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  вилоятҳои  Суғду  Хатлон  ширкат  варзиданд.

Декабрь 12, 2008 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид