ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ САҲА МАСОИЛИ АМНИЯТИРО МУҲОКИМА КАРДАНД

Декабрь 10, 2008 10:47

Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Боҳмадова). — 4-5-уми декабри соли ҷорӣ дар пойтахти Финландия — шаҳри Хелсинки вазирони корҳои хориҷии 56 кишвари узви Дафтари Созмони амниятва ҳамкорӣ дар Аврупо ҷамъ омада, оид ба барқарорсозии амният ва сулҳу суботи комил дар ин кишварҳо ва умуман ҷаҳон табодули назар карданд. Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдулло Юлдошев намояндагӣ кард. Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), вазири корҳои хориҷии Финландия Александр Стубб  роҷеъ ба сулҳу субот ва амнияти комил дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон сухан ронда, иброз дошт, ки Финландия дар соли 2008 мақоми раёсати амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро дорад. Аз ин хотир, тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи ҳайати вазирони САҲА дар Хелсинки. Александр Стубб  тазаккур дод, ки баробари таъмини амният ва пешравии иқтисодиёт бояд ба машварат ва ҳамкории мустақим низ таваҷҷӯҳи зиёд дода шавад. «Ба бархе аз норозигиҳо нигоҳ накарда, мо бояд роҳи дақиқ ва мушаххасро барои таблиғи ҳамкорӣ ва амният пайдо намоем. Мо ҳанӯз ҳам ба ҷараёни назаррас дар таблиғи меъёрҳои демократия, ҳуқуқи башар ва волоияти қонун, ки худ асоси амният мебошанд, ниёз дорем. Мо бояд ҳамкориро байни кишварҳои узви САҲА, бахусус дар заминаҳои сиёсӣ ва амниятӣ такмил  дода, дар ҳаллу фасли баъзе низоъҳои ҳалношудаи кишварҳои узви САҲА, аз қабили бӯҳрони Гурҷистон, вазъияти шаклгирифтаи Молдова ва Арманистону Озарбойҷон саҳмгузор бошем», — гуфт Александр Стубб. Бояд қайд кард, ки бо 3 ҳазор нафар корманди масъул ва 19 дафтари намояндагӣ дар кишварҳои мухталифи дунё, САҲА калонтарин созмони минтақавии амниятиест, ки муҳимтарин ҷои табодули афкор дошта, соҳиби заминаи самараноки амалкунанда мебошад.

Декабрь 10, 2008 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд