ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶТ: «МО ИН САФАРРО ДЕР БОЗ ИНТИЗОР БУДЕМ! »

Декабрь 5, 2008 16:30

                Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Аз 9-ум то 13-уми декабр дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ташаббуси Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Эрон Рӯзҳои дӯстиву фарҳангии Тоҷикистону Эрон баргузор мегардад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, онҳо дер боз тасдиқи барномаро аз Эрон интизор буданд. -«Мо аллакай 10 рӯз пеш рӯйхати иштирокчиёнро тартиб дода, барномаро тарҳрезӣ намудем, аммо даъвати расмиро як соат пеш гирифтем»- гуфтанд аз вазорат.                Барномаи рӯзҳои дӯстиву фарҳангӣ анъанавӣ буда, 4 барномаи консертии классикӣ ва муосир, намоиши рассомон ва суратгирони касбиро дар бар мегирад. Ҳамчунин дар доираи ин рӯзҳо намоиши либосҳои таърихӣ ва муосири тарроҳ М.Қаюмова намоиш дода мешавад. Шабҳои эҷодии шоирони халқӣ Гулназар Келдӣ ва Ҳақназар Ғоиб низ доир хоҳад шуд.   

Декабрь 5, 2008 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад