ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН БУЗИ СЕРПАШМ МЕФУРӮШАД

Декабрь 16, 2008 08:29

         Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 1-уми октябри соли 2007 «Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво» тасдиқ гардидааст. Дар асоси барномаи мазкур, Вазорати кишоварзӣ барои беҳтар намудани зоти чорво ба хоҷагиҳои зотпарварӣ супориш додааст, ки дар соли ҷорӣ 900 сар чорвои калони шохдор, 4 ҳазору 800 сар гӯсфанд, 400 сар бузи тоҷикии серпашм ва 60 сар аспи зотиро ба дигар хоҷагиҳо ба фурӯш бароранд. То имрӯз дар миқёси ҷумҳурӣ 49 адад завод, хоҷагӣ ва фермаҳои зотпарварӣ фаъолият доранд. Фаъолияти хуби ин миқдор хоҷагиҳои зотпарварии ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки барномаи мазкур сари вақт амалӣ карда шавад.               

Декабрь 16, 2008 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд