ВАЗОРАТИ МОЛИЯ МЕЪЁРҲОИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ҲИСОБОТИ МОЛИЯВИРО ИСТИФОДА МЕБАРАД

Декабрь 31, 2008 10:19

           Душанбе,  31  декабр. (АМИТ «Ховар»,  Покиза  Маҳмадбекова). –  Дар  вазорати  молияи  ҷумҳурӣ  ба  муносибати  анҷом  ёфтани   таҳияи  тавсияҳои  методӣ барои  истифодаи меъёрҳои  байналхалқии ҳисоботи  молиявӣ маҷлиси шӯрои  методологӣ  баргузор  гардид. Дар он муовини вазири  молия  Ҷамолиддин  Нуралиев  ҳисобот  дод. Вай қайд кард, ки меъёрҳои  байналхалқии  ҳисоботи  молиявӣ  дар  заминаи  вазифаҳои   ба миён гузоштаи  Сарвари  давлат  ва  Ҳукумати  Тоҷикистон истифода  карда  мешаванд.           Таҳияи тавсияҳои  методӣ дар бобати  истифодаи меъёрҳои  байналхалқии  ҳисоботи  молиявӣ   ба  кор  ҷалб  намудани  мутахассисони   варзидаи  соҳаро  талаб  мекард.  Дар  ҷараёни  баррасии масъалаҳои истифодаи  меъёрҳои  мазкур   проблемаҳои  гуногун  ба  миён  омаданд. Барои  бартараф  сохтани онҳо  мутахассисони  таҷрибаноки  соҳаҳои андоз,  омор, муқаррар  намудани  арзиши  мол  ва  муомилоти  пул  ҷалб  карда  шуданд.  Дар  ин  тадбир  инчунин  намояндагони  созмонҳои  байналхалқии  молиявӣ  саҳм   гузоштанд.       Намояндагиҳои Бонки тармиму таҷдид ва рушди  Аврупо  ва Департаменти  байналхалқии   рушди   соҳаи  молиявии   Британияи  Кабир  дар  Тоҷикистон  барои таҳлили  шароити  истифодаи   меъёрҳои  байналхалқии  ҳисоботи  молиявӣ дар соли  2008    мушовири  махсусро таъин  намуданд. Ӯ  дар  бораи  ворид  сохтани  тағйироту  иловаҳо  ба  қонунҳои  мавҷуда  тавсияҳо  пешниҳод  намуд.  Дар  давоми  солҳои  2009 – 2010  намояндагони  созмонҳои  байналхалқӣ  ба   амалӣ  сохтани  ислоҳот  ҷалб  намуда,   дар  ин  масъала  бо   вазорату  идораҳои  дахлдори  ҷумҳурӣ  ҳамкорӣ  карда  мешавад,  гуфт  дар  хотима  Ҷамолиддин  Нуралиев. 

Декабрь 31, 2008 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!