ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТ ВА КОММУНИКАТСИЯ ТАЙЁР АСТ СОХТМОНИ РОҲРО ШУРӮЪ НАМОЯД

Декабрь 12, 2008 08:22

             Бадахшон, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади иҷрои банди 7-и «Нақшаи чорабиниҳо дар бораи таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2008 тасдиқ шудааст, масъалаи сохтани роҳро то кони ангишти «Равнов» баррасӣ намуда, як қатор корҳоро ба анҷом расонида истодаанд. Сохтани роҳи мазкур аз шоҳроҳи Кӯлоб — Қалъаихумб то охири водии Равнов на танҳо корхонаҳои буҷавӣ ва аҳолии вилоятро бо ангишт таъмин менамояд, балки аҳамияти муҳими иқтисодию иҷтимоӣ дорад. Ҳозир фақат ба қисмати шимолу ғарбии ин мавзеъ тавассути роҳи «Сағирдашт — кони ангишти Равнов», ки бо дастгирии мақомоти давлатӣ, аз ҳисоби маблағгузории КМ ҶММ «ВТИ — Помир» дар масофаи 44 км сохта шудааст, бо нақлиёт  рафтан мумкин аст. Аммо, мутаассифона ин роҳ аз маркази ноҳияи Дарвоз хеле дур буда, азбаски аз ду ағбаи Возгина бо баландии зиёда аз 3000 метр мегузарад, ҳар сол танҳо 3-4 моҳ кушода асту халос. Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон «Ташреҳи кўтоҳи Лоиҳаи мақсадноки инвеститсионии «Сохтмони роҳи автомобилгарди «Жак Равнов»-ро омода намуда, онро ба вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Мутобиқи лоиҳаи пешниҳодшуда, арзиши сохтмони роҳи мазкур тақрибан 900,0 ҳазор доллари ИМА, ё зиёда аз 3,0 млн. сомониро ташкил медиҳад. Дар лоиҳа пешниҳод шудааст, ки як қисми маблағ аз ҳисоби бақияи буҷаи ҷумҳуриявӣ ва вилоят дар соли 2008 ва қисми дигар аз маблағҳои дар буҷаи давлатии барои соли 2009 тасдиқшуда ҷудо гардад. Баробари ҷудо намудани маблағи зарурӣ, сохторҳои Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодаанд корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони роҳро дар муддати кўтоҳтарин шурўъ намоянд.

Декабрь 12, 2008 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд