ВИЧ СПИД-РО ТАНҲО ЯКҶОЯ БАРҲАМ ДОДАН МУМКИН АСТ!

Декабрь 1, 2008 16:57

           Ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров, 1  декабр (АМИТ «Ховар», Санавбар  Мақсудова). — Дар  Маркази  ҷамоати  «Исмоил»  дар  доираи  барномаи «Сафарбар  намудани ҷамоатҳо ба мубориза  ба  муқобили ВИЧ/СПИД»  дар  мавзӯи «Бемориҳои  ВИЧСПИД – ро танҳо  якҷоя  барҳам  додан  мумкин аст»  маъракаи  доманадор  баргузор  гардид. Ташкилкунандаи он   созмони  ҷамъиятии «Чашмаи  ҳаёт»  мебошад. Дар  маърака  қариб  700 сокини  ҷамоат  ширкат  варзид.            Ба  ҷамъомадагон  дар  бораи  коргарони  муҳоҷир  ва  хавфи  ба  бемориҳои  гузаранда  гирифтор  шудани онҳо  филм намоиш  дода шуд. Ҳунарпешагони  шӯъбаи фарҳанги  ноҳия хотири  ҳозиронро  шод  гардонданд. Ба  онҳо  дар  бораи  бемориҳои  ВИЧСПИД  ба  забонҳои тоҷикию  русӣ ва  ӯзбекӣ  маълумотномаю  варақаҳо  тақсим  карда шуд. Мудири  шӯъбаи   шифохонаи  марказии  ноҳия  Каримҷон  Ҷӯраев  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  гуфт, ки   айни  ҳол   ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров  320  ҳазор  нуфус  дорад ва дар ин ҷо  23  бемории  ВИЧ  ба  қайд  гирифта  шудааст.

Декабрь 1, 2008 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар