«ВУРОМУН» 8 ҲАЗОР ТОННА АНГИШТ ИСТЕҲСОЛ КАРД

Декабрь 15, 2008 08:44

             Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноат, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон захираи зиёди ангишт вуҷуд дорад ва ҳоло аз се як қисми он мавриди истифода аст. Дар минтақаи Рашт дар қатори кони ангишти Назарайлоқ кони ангишти Миёнаду мавриди истифода қарор дорад. Захираи кони ангишти Миёнаду аз ҷиҳати ҷойгиршавии ҷуғрофиаш метавонад тамоми ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Тавилдараро ба пуррагӣ бо ангишт таъмин намояд. Соли ҷорӣ аз ангишти Миёнаду мактабҳо ва муассисаҳои тиббӣ ба пуррагӣ таъмин шуданд. Корхонаи «Вуромун» 8 сол боз ба истихроҷи ангишти кони мазкур машғул аст. Ба гуфтаи масъулини корхона, истеҳсоли ангишт дар асоси дархост ба роҳ монда мешавад. Соли ҷорӣ корхонаи «Вуромун» 8 ҳазор тонна ангишт истеҳсол намуд.

Декабрь 15, 2008 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд