ЯГОНА ТАДБИР ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНА ВА ПАРДОХТИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ БАРҚ АСТ!

Декабрь 3, 2008 16:59

          Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Аз ШСХ «Барқи тоҷик» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолӣ дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ аз лимити муқарраргардида зиёд барқ гирифт. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд-36 миллион кВт.соат, дар вилояти Хатлон 24 миллион кВт.соат, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5,7 миллион кВт.соат зиёд барқ истифода шуд. Пойтахти ҷумҳурӣ ва маркази вилоятҳо пурра бо барқ таъмин буданд. Бояд зикр намуд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Туркманистон 216 миллион ва аз Ӯзбекистон 36 миллион кВт.соат нерӯи барқ ворид карда шудааст. Барои нисбатан сабук гузаштани зимистони дарпешистода, ягона тадбир сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва сари вақт пардохт намудани хаққи истифодаи он мебошад.

Декабрь 3, 2008 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд