ЁДДОШТИ ЭЪТИРОЗИИ САФОРАТИ РУСИЯ БА УНВОНИ ВКХ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Сафоратхонаи Федератсияи Русия дар Тоҷикистон имрӯз ба унвони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ёддошти эътирозӣ фиристод. Дар он гуфта мешавад: «Вақтҳои охир дар воситаҳои ахбори оммавии Тоҷикистон шароити кору зиндагии шаҳрвандони тоҷик дар қаламрави Федератсияи Русия ба таври васеъ муҳокима карда мешавад. Чунин хабару мақолаҳо бевосита ба манфиатҳои куллии Федератсияи Русия дахолат мекунанд, бинобар ин сафорат зарур мешуморад, ки моҳияти онҳоро шарҳ дода, инчунин ба саволҳои пешниҳоднамудаи журналистон ҷавоб диҳад. Баъзе воситаҳои ахбори оммавӣ шарҳи сафоратро роҷеъ ба баъзе ҷиноятҳои нисбати шаҳрвандони тоҷик дар Русия содиргардида бо тағйироти ҷиддӣ ва таҳрифкорона чоп кардаанд. Дар натиҷа мазмуну моҳияти онҳо ба куллӣ тағйир ёфтааст. Хусусан хабари дар нашрияи «ФК – Капитал» чопшуда, мазмуну мундариҷаи иғвогарона дошта, роҳбарияти сафоратхонаро таҳқир менамояд. Сафорат таваҷҷӯҳи вазоратро ба он ҷалб менамояд, ки баъзе нашрияҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, «СССР», «Нигоҳ», «Миллат», «Фараж» ва ғайра дар мақолаҳои бахшида ба проблемаҳои коргарони муҳоҷир на танҳо хабарҳои бардурӯғ чоп мекунанд, балки дар аксари мавридҳо ба унвони роҳбарони баландпояи Русия ва сиёсати берунии он суханҳои беадабона изҳор менамоянд. Мо чунин муносибатро комилан нораво мешуморем. Кӯшиши ба сиёсати расмии роҳбарияти Русия нисбат додани ҷиноятҳои алоҳидаи дар қаламрави Русия ба муқобили шаҳрвандони Тоҷикистон содиршуда ғайр аз ҷидду ҷаҳди мақсадноки гумроҳ сохтани ҷомеаи Тоҷикистон чизи дигар буда наметавонад. Ҷидду ҷаҳди баъзе воситаҳои ахбори оммавии Тоҷикистон, ки мехоҳанд, симои Русияро ҳамчун душмани халқи тоҷик қаламдод кунанд, аслан ба рӯҳияи анъанавии муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории Русия ва Тоҷикистон мухолиф мебошад. Ҳол он ки ҳамин рӯҳияи хайрхоҳона халқҳо ва мамлакатҳои моро муттаҳид месозад». Дар ин бора аз сафорати Русия дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






