ЗАҲМАТИ 10-СОЛАИ ПАРВОНА ҶАМШЕДОВ РӮИ ЧОП ОМАД
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Чопхонаи «Пайванд» нашри дуввуми фарҳанги луғати тоҷикӣ ба англисиро бо теъдоди 1000 адад аз чоп баровард, ки муаллифи он профессор Парвона Ҷамшедов аст. Фарҳанги мазкур, ки аз 978 саҳифа иборат аст, аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон нашр гардидааст. Сафири кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғар Амир Шеърдӯст дар пешгуфтори китоб ибрози назар намуда, чопи фарҳангро яке аз падидаҳои нек дар ҳавзаи рушди фарҳанг ва маънавиёти миллати тоҷик унвон кардаст. Ин фарҳанг нахустин фарҳанги комили тоҷикӣ ба англисӣ буда, дар тӯли беш аз даҳ сол таҳия гардидааст. Дар он 60 ҳазор калима, таркиб ва ибораи забони муосири тоҷикӣ ба англисӣ тарҷума шуда, гирд оварда шудааст. Инчунин, дастури забони тоҷикӣ ба забони англисӣ нигошта шудааст, ки дар он дар бораи сохтори овозӣ, алифбо, имло ва сарфу наҳви забони адабии муосири тоҷикӣ баҳс меравад. Ин бахш барои шахсони англисизабон, ки мехоҳанд забони тоҷикиро омӯзанд, бисёр судманд аст. Дар охири китоб чанд замима оварда шудааст, ки яке аз онҳо феҳристи номҳои ҷуғрофӣ, инчунин иттилои мухтасар дар бораи Тоҷикистон, рӯзҳои иду ҷашни ин сарзамин, шумора ва андозаҳо мебошад. Фарҳанги луғати мазкур барои доираи васеи муҳаққиқон, устодон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ, мутарҷимон ва тамоми алоқамандони забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ муфид аст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






