ЗАНИ ҚАЛЛОБ ДАСТГИР ШУД

Декабрь 11, 2008 09:43

             Қӯрғонтеппа, 11   декабр. (АМИТ «Ховар»,  Мурод  Сотиев). –  Прокуратураи  вилояти  Хатлон   нисбати  сокини   ноҳияи  Вахш  Сабзагул  Олматова   аз  рӯи  якчанд  моддаи   Кодекси  ҷиноӣ  парвандаи  ҷиноӣ  кушод. С.Олматова  ба  аз  худ  кардани  маблағи  калони  қарз,  расондани  зарари  моддӣ  ба  шахсони  дигар  ва  соҳибкории  ғайриқонунӣ  гунаҳкор  карда  мешавад.  Муфаттиши  калони  прокуратураи  вилоят  Баҳром  Шомиров  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  гуфт, ки  С.Олматова  солҳои  тӯлонӣ  ба  боварии  теъдоди  зиёди одамон   даромада, онҳоро   фиреб  дода,   маблағи  калонро  қарз  гирифта,  барнагардондааст. Маблағи  умумии  бо  роҳи  фиреб  азхуднамудани  зани  қаллоб  қариб  600 ҳазор  доллари  ИМА – ро ташкил  медиҳад. Ӯ  акнун  барои  амалиёти  ҷинояткоронааш  дар  назди  қонун  ҷавоб  хоҳад  дод. 

Декабрь 11, 2008 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд