«ZIJIN MINING» ИСТЕҲСОЛИ ТИЛЛОРО ДАР ТОҶИКИСТОН ВУСЪАТ МЕДИҲАД
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ширкати чиноии «Zijing Mining» тасмим гирифтааст, ки барои коркарди тилло дар Тоҷикистон 146 миллион доллар сармоягузорӣ кунад. Дар ин бора сомонаи интернетии чиноии «China Trade Information» хабар додааст. Тазаккур додан бамаврид аст, ки 7-уми июли соли ҷорӣ дар ҷараёни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Корпоратсияи истихроҷи маъдани Ҷумҳурии Мардумии Чин «Zijin Mining» Чен Сзинхе масъалаҳои густариши ҳамкорӣ муҳокима шуданд. Ӯ зимни сӯҳбат бо хабарнигорон зикр карда буд, ки Ширкати «Zijin Mining» соли гузашта барои мукаммал сохтани таҷҳизоти техникии корхона 18 миллион доллари ИМА ҷудо кард. Тибқи нақша, соли оянда барои пешрафти корхона бештар аз сад миллион доллари ИМА ҷудо карда мешавад. Ба ин васила истихроҷи фулузоти қиматбаҳо, аз ҷумла, тилло, нуқра ва мис зиёд карда хоҳад шуд. Чен Сзинхе ба Президенти ҷумҳурӣ ваъда дода буд, ки истихроҷи тилло дар корхонаи муштараки «Зарафшон» соли 2009 ба 2 тонна ва соли 2010 ба се тонна расонда мешавад. Ҳоло дар ин ҷо 1600 нафар кор мекунанд, ки музди кори миёнаи моҳонаи онҳо 600 сомонӣ ва аз ин бештар мебошад.Бояд ёдовар шуд, ки дар моҳи июли соли 2007 «Zijin Mining» ба маблағи 55 миллион доллари ИМА аз ширкати бритониёии «Avocet Mining Plc» 75 дарсади саҳмияҳои ширкати тоҷикистонии «Зарафшон»-ро харидӣ намуд, ки захираҳои маъдани он 5,6 миллион унс (бештар аз 158 тонна) арзёбӣ мешавад. 25 дарсади саҳмияҳои ин корхона дороии Тоҷикистон аст.Ширкати чиноии «Zijin Mining» дуввумин ширкати бузурги истеҳсолкунандаи тилло дар Чин ба шумор меравад. Он феълан дорои конҳои тиллои Муғулистону Перу ва маъдани оҳан дар Ветнам аст.








Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд






