«ZIJIN MINING» ИСТЕҲСОЛИ ТИЛЛОРО ДАР ТОҶИКИСТОН ВУСЪАТ МЕДИҲАД

Декабрь 4, 2008 08:34

Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ширкати чиноии «Zijing Mining» тасмим гирифтааст, ки барои коркарди тилло дар Тоҷикистон 146 миллион доллар сармоягузорӣ кунад. Дар ин бора сомонаи интернетии чиноии «China Trade Information» хабар додааст. Тазаккур додан бамаврид аст, ки 7-уми июли соли ҷорӣ дар  ҷараёни  мулоқоти  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  ва  раиси  Корпоратсияи  истихроҷи  маъдани  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  «Zijin Mining» Чен  Сзинхе масъалаҳои  густариши  ҳамкорӣ  муҳокима  шуданд.  Ӯ зимни сӯҳбат  бо  хабарнигорон  зикр  карда буд, ки Ширкати «Zijin Mining» соли  гузашта  барои  мукаммал  сохтани  таҷҳизоти  техникии  корхона  18 миллион  доллари  ИМА  ҷудо  кард. Тибқи  нақша,  соли  оянда  барои  пешрафти  корхона  бештар аз  сад  миллион  доллари  ИМА  ҷудо  карда  мешавад. Ба  ин васила  истихроҷи  фулузоти қиматбаҳо,  аз  ҷумла,  тилло,  нуқра ва мис зиёд  карда  хоҳад  шуд. Чен  Сзинхе  ба  Президенти  ҷумҳурӣ  ваъда  дода буд, ки   истихроҷи  тилло  дар  корхонаи  муштараки  «Зарафшон»  соли 2009 ба  2  тонна  ва  соли 2010  ба  се  тонна  расонда  мешавад. Ҳоло дар ин ҷо 1600 нафар  кор  мекунанд, ки  музди кори  миёнаи  моҳонаи онҳо 600 сомонӣ  ва  аз ин  бештар  мебошад.Бояд ёдовар шуд, ки дар моҳи июли соли 2007 «Zijin Mining» ба маблағи 55 миллион доллари ИМА аз ширкати бритониёии «Avocet Mining Plc» 75 дарсади саҳмияҳои ширкати тоҷикистонии «Зарафшон»-ро харидӣ намуд, ки захираҳои маъдани он 5,6 миллион унс (бештар аз 158 тонна) арзёбӣ мешавад. 25 дарсади саҳмияҳои ин корхона дороии Тоҷикистон аст.Ширкати чиноии «Zijin Mining» дуввумин ширкати бузурги истеҳсолкунандаи тилло дар Чин ба шумор меравад. Он феълан дорои конҳои тиллои Муғулистону Перу ва маъдани оҳан дар Ветнам аст.

Декабрь 4, 2008 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад