ЗОИРИНИ ТОҶИК АЗ ТУРКИЯ БА ВАТАН ФИРИСТОДА МЕШАВАНД
Истамбул, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Катерина Аксакова ).- Гурӯҳи зоирони тоҷик, ки аз сарҳади Арабистони Саудӣ баргардонда шуда буданд, айни ҳол дар шаҳри Истамбул мебошанд. Аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Туркия ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки 82 нафар шаҳрванди Тоҷикистон мехостанд, бо раводидҳои қалбакӣ ба шаҳри Ҷидда ворид гарданд. Вале онҳоро дар майдои ҳавоии шаҳр боздошта, ба ақиб баргардонданд. Ба қавли худи зоирон, гурӯҳи онҳо аз 200 нафар иборат буд ва ҳамаашон 22 ноябр баъди ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо аз Душанбе ба Истамбул парвоз карданд. Аз он ҷо ба воситаи автобусҳо ба Арабистони Саудӣ раҳсипор гардиданд. Ҳамаи мусофирон аз қаламрави Туркия, Сурия ва Урдун бе ягон мамониат гузаштанд. Вале марзбонони Арабистони Саудӣ дар сарҳади мамлакат онҳоро боздошта изҳор намуданд, ки раводиди шиносномаҳои онҳо танҳо барои парвоз бо ҳавопаймоҳо пешбинӣ шудааст. Ҳеҷ кас ба мо дар бораи қалбаки будани раводидҳоямон чизе нагуфт, зикр карданд зоирон. Мусофирони тоҷик баъди ин ба шаҳри Димишқ баргашта, дар ин ҷо бо гурӯҳҳои алоҳида бо ҳавопаймо ба Ҷидда парвоз карданд. Аз 200 нафари онҳо ба 118 нафар муяссар шуд, ки ба шаҳр ворид гарданд. 82 нафар бо сабаби қалбакӣ будани раводидҳояшон пас гардонида шуданд. Мусофирон дар роҳи бозгашт 20 километр дуртар аз шаҳри сарҳадии Туркия – Хатай дар деҳаи Овакент таваққуф намуданд, ки сокинони он асосан афғонҳои гуреза мебошанд. Афғонҳо дар давоми панҷ рӯз ба мусофирон обу ғизо ва сарпаноҳ доданд. Дар сафоратхонаи Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи зоирони тоҷик ситоди махсус ташкил дода шуд. Котиби аввали сафоратхонаи Тоҷикистон дар Туркия Сафар Сафаров барои муайян кардани вазъият ба деҳаи Хатай ба назди мусофирон рафт. Субҳи 8 декабр ҳамаи мусофирон ба Истамбул оварда шуданд. Раиси Шӯрои тиҷоратии ДЕЙК – и Тоҷикистону Туркия Исмоил Кавунҷи хароҷоти буду бош ва таъминоти мусофирони тоҷикро ба зиммаи худ гирифт. Мусофирони тоҷик имрӯз ба воситаи ҳавопаймои Тоҷикистон аз Истамбул ба ватан фиристода мешаванд.








Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд






