ЗОИРИНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ БА ЯГОН ДУШВОРӢ РӮ БА РӮ НАМЕШАВАН

Декабрь 4, 2008 16:54

          Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Агентии иттилоотии интренетии  «Ислом -нюс» хабар дод, ки  имрӯз 90 нафар шаҳрванди  Тоҷикистон аз шаҳри Ҷидда ба  ватан  фиристода мешаванд. Тавре, ки маълум шуд, шаҳрвандони тоҷик бо мақсади адои маросими ҳаҷ ба  Макка  бо  раводидҳои қалбакӣ сафар кардаанд. Худи  зоирон изҳор намуданд, ки  раводидҳояшонро аз як  ширкати  сайёҳии шаҳри Душанбе гирифтаанд. Ширкати мазкур ба  тайёр кардани ҳуҷҷатҳои зоирон барои адои  маросими ҳаҷ машғул мебошад. Сармутахасиси Раёсати умумии  масъалаҳои дини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Мирзо Бобокалонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ҳамаи панҷ ҳазор  зиёраткунандагони  ҷойҳои муқаддаси ислом аз Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ба ягон душворӣ рӯ ба рӯ нагардидаанд. Сафари онҳо дар ин шаҳр бе ягон мамониат давом дорад. Ҳавопаймои охирин гурӯҳи зоирини тоҷикро 30 ноябр аз Хуҷанд ба шаҳри Ҷидда бурда буд. Мирзо Бобокалонов зикр намуд, ки гурӯҳи нахустини хоҷиёни тоҷик 14-15 декабр ба Ватан бар мегарданд.

Декабрь 4, 2008 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид