1 МИЛЛИАРДУ 324 МИЛЛИОН ЙЕН БАРОИ ТАҶДИДИ РОҲИ ДӮСТӢ-ПАНҶИ ПОЁН
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Ҳукумати Ҷопон барои татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Дӯстӣ-Панҷи Поён 1 миллиарду 324 миллион йени ҷопонӣ ё тақрибан 15 миллион доллари ИМА грант ҷудо менамояд. Дар ин бора имрӯз, 14 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Кордори Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Ёшихиро Накаяма дар шаҳри Душанбе созишнома ба имзо расониданд. Кордори Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Ёшихиро Накаяма ин созишномаро натиҷаи ҳамкориҳои мустаҳками ҳарду кишвар арзёбӣ намуда, зикр кард, ки бо назардошти мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон дар байни Авруосиё ва Осиё шабакаи нақлиётии кишвар дорои аҳамияти бузург барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ аст. Тазаккур додан ба маврид аст, ки роҳи Дӯстӣ-Панҷи Поён қисми 23,7 километраи роҳи Қурғонтеппа-Панҷи Поёнро ташкил медиҳад, ки дар ду марҳала барқарор мешавад. Марҳилаи якуми лоиҳа, ки таъмири 8,3 километр роҳро дар бар мегирифт, аллакай анҷом ёфт. Марҳилаи дуюми ин лоиҳа барқарор намудани 15,36 километри боқимондаи онро дар бар гирифта, мӯҳлати амалисозии он як сол мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






