114 КОМИССИЯИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ шудни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 114 комиссияи ҷамъиятӣ ташкил дода шудааст. Мардуми ноҳия қабули қонуни мазкурро хуб пазиро шуданд ва онро хеле ба маврид донистанд. Дар соли 2008 дар ҳудуди ноҳия бештар аз 300 тӯйи домодиию арӯсӣ, 40 хатнатӯй, 60 оши чил ва 31 оши сол ба қайд гиррифта шудааст. Дар натиҷаи таблиғу ташвиқи қонун ва вохӯрию сӯҳбатҳо дар шаҳраку маҳаллаҳо, донишгоҳҳо ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар давоми соли 2008 ягон қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашудааст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






