ҒАЛАБАИ ТАЛАБАГОНИ ЛИТСЕИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАР ОЛИМПИАДА

Январь 15, 2009 17:05

Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Натиҷаҳои ниҳоии  олимпиадаи зимистонаи талабагони  мактабҳои пойтахт ҷамъбаст карда шуданд. Аз Раёсати маорифи шаҳр ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки  дар байни гимназияҳо литсеи президентӣ ғолиб омад. Талабагони литсеи мазкур дар олимпиада соҳиби 23 мукофот гардиданд. Талабагони гимназия — интернати муштараки Тоҷикистону Русия ҷои дуюмро ишғол карданд. Дар ҷойҳои минбаъда гимназияҳои  №53 ва  «Душанбе» қарор доранд. Талабагони ин гимназияҳо аз рӯи фанҳои математика, физика ва информатика натиҷаҳои беҳтарин ба даст оварданд. Дар байни мактабҳо мактаби миёнаи рақами 21  ҷои аввалро ишғол намуд. Ҷойҳои дуюму сеюм насиби мактабҳои  № № 15 ва 78 гардиданд. Мудири шӯъбаи раёсати маорифи  шаҳр, котиби комиссияи олимпиада Ҳанифа Сатторова зикр намуд, ки моҳҳои март- апрели соли 2009 олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Ғолибони олимпиадаи шаҳрӣ дар он  иштирок менамоянд.

Январь 15, 2009 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад