ҒАМХОРИҲОИ ДАВЛАТ НИСБАТ БА СОҲИБКОРОН

Январь 17, 2009 12:26

          Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Соли гузашта аз ҷониби бонкҳои мамлакат ба бахши соҳибкории хурду миёна ба андозаи 1 миллиарду 612 миллион сомонӣ қарзҳои хурд пешниҳод карда шуданд, ки ин нисбат ба соли 2007-ум 57 фоиз зиёд мебошад. Шумораи мизоҷоне, ки дар ин давра қарз гирифтаанд, беш аз 9 ҳазор нафар афзуда, ба 166 ҳазор расидаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати ҷумҳурӣ тазаккур дод, ки бо мақсади таъмини рушди соҳибкории хурду миёна ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ба Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ зарур аст, ки соли ҷорӣ низ ҳаҷм ва теъдоди қарзҳои пешниҳодшавандаро, бахусус барои ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон зиёд намоянд. Дар ин самт ба соҳибкории истеҳсолӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда таҷдиди назар карда шавад. «Дар навбати худ соҳибкорон низ вазифадоранд, ки ӯҳдадориҳои худро дар назди давлат, бахусус доир ба пардохти андозҳо  пурра ва сари вақт иҷро намоянд», — таъкид намуд Президенти кишвар.

Январь 17, 2009 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд