ҚАБУЛИ ЭЪТИМОДНОМА АЗ САФИРИ НАВИ ЛИТВА
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Ҷумҳурии Литва дар Тоҷикистон Ромуалдас Козировичюс эътимоднома қабул намуд. Дар сӯҳбати Сарвари давлат Эмамалӣ Раҳмон бо Ромуалдас Козировичюс, ки баъди маросими супурдани эътимоднома сурат гирифт, ҳолати кунинӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Литва баррасӣ шуд. Афзоиши мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар, ки ҳаҷми он дар соли 2008 беш аз 110 миллион даллари амрикоро ташкил дод, нишона аз вуҷуди имконоти васеи ҳамкории иқтисодӣ маънидод шуд ва таъкид гардид, ки ин нишондод бояд боз ҳам афзоиш ёбад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари расмии пешомади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Литва ба густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, техникию технологӣ ва илмию фарҳангии ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад. Бунёди корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон оид ба истеҳсоли маводи сохтмонӣ коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо технологияҳои пешрафтаи аврупоӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикию нақлиётӣ ва густариши интиқоли молу маҳсулот аз қаламрави ду кишвар аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои иқтисодӣ арзёбӣ гардид. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунинии Афғонистон, мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосирва дигар мавзӯъҳои мавриди тавваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






