ҚАРЗҲОИ «АГРОИНВЕСТБОНК» БА ХОҶАГИҲОИ ПАХТАКОР

Январь 15, 2009 17:06

            Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Муовини раиси Ҷамъияти саҳомии «Агроинвестбонк» И.Саидмуродов имрӯз бо мушовири байналхалқӣ дар масъалаи ҳалли проблемаи қарзи  хоҷагиҳои пахтакори Ҷумҳурии Тоҷикистон Тапио Саавалайнен мулоқот кард.            И.Саидмуродов ба меҳмон дар бораи қарзҳои  ба хоҷагиҳои пахтакори мамлакат додаи бонк маълумоти муфассал дод. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки бонк соли 2008 ба хоҷагиҳои пахтакори мамлакат 95 миллион сомонӣ қарз додааст. Мусоҳибон масъалаҳои сари вақт баргардонидани қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва роҳу усулҳои ба роҳ мондани ҳамкории ҳамаҷонибаи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва бонкҳои тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Т.Саавалайнен пешниҳодҳои роҳбарияти бонкро шунида, изҳор кард, ки  онҳоро ҳамаҷониба меомӯзад  ва зимни сафари ояндаи худ ба Тоҷикистон дар моҳи март дар ин бора  ба Ҳукумати мамлакат таклифҳо пешниҳод хоҳад кард.

Январь 15, 2009 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар