ҚАРЗИ БЕРУНАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2009
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Маблағи умумии қарзҳои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якуми январи соли 2009 –ум як миллиарду 371,44 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ММД – 26,71 % мебошад. Ҳаҷми умумии қарзи беруна дар 12 моҳи соли ҳисоботӣ 251,5 миллион доллари ИМА афзоиш ёфта бошад ҳам (ба 01.01.2008 – 1119,9 млн. долл. ИМА), имрӯз дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуда, нисбат ба ММД — 3,5 фоиз кам гардидааст (ба 01.01.2008 – 30,2 фоиз). Ҳаҷми умумии қарзи беруна аз ҳисоби азхуд намудани қарзҳои ҷалбшаванда ба маблағи 352,11 миллион доллари ИМА зиёд шуд ва аз ҳисоби пардохти қарзи асосӣ ба маблаѓи 72,35 миллион доллари ИМА ва ҷаҳиши асъорӣ ба маблағи — 28,22 миллион доллари ИМА кам гардид.Сабаби зиёдшавии ҳаҷми қарзҳои беруна аз худ намудани кредитҳои ҷалбнамуда аз ташкилотҳои молиявии байналмиллалӣ ва «Эксимбонк»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Хизматрасонӣ ва пардохти қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назардошти кредитҳои ХБА ва қарзҳои кафолатноки ҳукуматӣ дар давраи ҳисоботӣ — 89,4 миллион доллари амрикоиро, аз он ҷумла аз ҳисоби пардохти қарзи асосӣ- 72,3 миллион доллари ИМА ва фоизи пардохт-17,1 миллион доллари ИМА, ташкил дод.Хизматрасонӣ ва пардохти қарзи бевоситаи давлатӣ, маблағи умумии — 56,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст, аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ — 46,5 миллион доллари ИМА ва аз ҳисоби Роҳи оҳани Тоҷикистон, барои пардохти қарзи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳи кашонидани борҳои транзитии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – 10 миллион доллари ИМА. Дастоварди муҳим оиди сабук намудани хизматрасонии қарзи берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пардохти пурраи қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Федератсияи Россия мебошад.Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008 Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 — 2010 маъқул дониста шуд ва бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2008 тасдиқ гардидааст, ки ба баланд бардоштани самаранокии ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Барои тақвияти дастовардҳо «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2011» таҳия гашта ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва 31 октябри соли 2008 тасдиқ гардид. Стратегияи мазкур имконият медиҳад, ки воридоти доимии захираҳо таъмин гардида, дар айни ҳол қарз дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шавад.Дар давраи ҳисоботӣ шаш созишномаи қарзӣ бо маблағи умумии — 86,4 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шудаанд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






