ҚАРЗИ БЕРУНИИ ҶТ ҚАРИБ БА ЯКУ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА МЕРАСАД
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов зимни маҷлиси ҷамбасти натиҷаҳои соли гузашта зикр намуд, ки маблағи қарзи берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январ бештар аз 1 миллиарду 371 миллион доллари ИМА — ро ташкил дод. Ин ба 26,7 фоизи маҷмӯи маҳсулоти умумии дохилӣ баробар аст. Қайд карда шуд, ки маблағи қарзи берунии Тоҷикистон дар давоми соли 2008 254,5 миллион доллари ИМА зиёд гардидааст. Афзоиши маблағи қарзи берунӣ асосан ба гирифтани қарзҳои имтиёзноки созмонҳои байналхалқии молиявӣ ва бонки «Эксимбонк» — и Чин вобаста мебошад. Дар давоми соли гузашта қарзҳои ҷумҳурӣ аз Хазинаи байналхалқии асъор ва қарзҳои дорои кафолати Ҳукуматӣ ба маблағи 89,4 миллион доллар баргардонида шуданд. Дар давоми соли гузашта ба маблағи 56,5 миллион доллари ИМА қарзи давлатии ҷумҳурӣ баргардонида шуд, гуфт. С. Наҷмиддинов








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






