ҚАЗОҚИСТОН АЗ ТОҶИКИСТОН ҚАРЗДОР НЕСТ
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Дар изҳороти махсуси имрӯз дарҷнамудаи вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки Ҷумҳурии Қазоқистон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарздор нест. Қабл аз ин баъзе воситаҳои ахбори оммавӣ хабар дода буданд, ки гӯё Қазоқистон аз Тоҷикистон ба маблағи 12 миллион доллари ИМА қарзи давлатӣ дорад ва ба ивази он ба мамлакати мо ғалла, орд ва маводи сӯхт мефиристад. Тавре ки дар изҳороти вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карда мешавад, 12 миллион доллари ИМА қарзи ширкатҳои энергетикии Қазоқистон аз Тоҷикистон барои интиқоли қувваи барқ дар давоми солҳои 90- ум мебошад. Масъулияти баргардонидани қарзи мазкур ба зиммаи ширкати воридотии «Қазоқистонэнерго» гузошта мешавад. Ширкати саҳомии «Барқи тоҷик» дар вақташ бо ширкати Қазоқистон дар ин бобат қарордод имзо карда буд. Ҳамин тариқ «қарзи мазкур ба муносибати ду ширкати ин мамлакатҳо дахл дорад ва онро қарзи давлатӣ шуморидан мумкин нест», — гуфта мешавад дар изҳорот.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






