ҚИСМҲОИ ҲАРБИИ ИСРОИЛ БО ВОҲАИ ҒАЗЗАҲ ДОХИЛ ШУДАНД

Январь 4, 2009 11:47

          Ғаззаҳ, 4 январ. (АМИТ «Ховар» — РБК).- Қисмҳои ҳарбии нахустини артиши Исроил бо кӯмаки  чархболҳо ба қисмати шимолии воҳаи Ғаззаҳ зада даромаданд. Ба қавли шоҳидон, қисмҳои ҳарбӣ  хати сарҳадро дар наздикии шаҳри Байт Лаҳия рахна карданд. Манбаъҳои низомии Исроил низ дар ин бора хабар дода, зикр намуданд, ки  ҳадафи амалиёти низомӣ мубориза ба муқобили ҷунбиши «Хамос» мебошад. Ҷараёни рахна кардани сарҳади Фаластин ба воситаи телевизиони маҳаллӣ мустақиман намоиш дода шуд. Тавре хабар дода шуда буд, аз аввали амалиёти ҳарбии Исроил дар воҳаи Ғаззаҳ бештар аз 430 нафар ҳалок ва қариб 2 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуд.  Бисёр мамлакатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ амалиёти низомии Исроилро дар воҳаи Ғаззаҳ маҳкум намуданд.

Январь 4, 2009 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд