ҚОНУН «ДАР БОРАИ МАБЛАҒИ КАМТАРИНИ РӮЗГУЗАРОНӢ» ҚАБУЛ КАРДА МЕШАВАД

Январь 9, 2009 11:36

Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Иттиҳоди  миллии  сиёсатшиносони ҷумҳурӣ  бори аввал дар бобати муайян намудани маблағи камтарини барои рӯзгузаронӣ зарурӣ тадқиқот анҷом дод. Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқот дар мамлакат барои таъминоти қути лоямути як нафар дар як моҳ 254 сомонӣ зарур аст. Мудири шӯъбаи  Пажӯҳишгоҳи  тадқиқоти иқтисодии Тоҷикистон Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба мухбири АМИТ  «Ховар»  гуфт, ки ояндаи наздик дар Тоҷикистон қонун  «Дар бораи маблағи камтарини рӯзгузаронӣ» қабул карда мешавад. Ҳукумати мамлакат лоиҳаи қонуни мазкурро бо супориши Президенти ҷумҳурӣ таҳия месозад.         Ҳ.Умаров афзуд, ки  дар шароити имрӯза маблағи  маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон аз маблағи камтарини барои рӯзгузаронӣ зарур чор маротиба камтар мебошад. Ба ақидаи мутахассисон, қабули қонуни зикршуда мақомоти мамлакатро водор хоҳад кард, ки  барои зиёд кардани маблағи камтарини маош ва музди кор тадбирҳо андешанд.

Январь 9, 2009 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид