ҚОНУН ДАР БОРАИ ШИРКАТИ СОҲИБМУЛКОНИ МАНЗИЛ ҚАБУЛ КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 26 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрҳуҷрагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», дар хусуси дароз намудани мӯҳлати баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз» аз масъалаҳое буданд, ки 26 январ дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев доир гардид, баррасӣ шуданд. Масъалаҳои мазкурро Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Мирзошариф Исломиддинов ва мудири шӯъбаи ҳуқуқи Маҷлиси намояндагон Шарофиддин Зоиров шарҳ доданд. Зикр шуд, ки ҳадафи қабули ин қонунҳо тақозои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ буда, ҷиҳати мукаммалгардонии санадҳои ҳуқуқию меъёрии кишвар нақши муассир мегузоранд.








Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст






