ҚОНУНШИКАНОН ҶАЗО ДОДА МЕШАВАНД

Январь 14, 2009 11:03

          Қӯрғонтеппа, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Санҷиши кормандони прокуратураи  вилояти Хатлон дар давоми соли 2008 нишон дод, ки дар соҳаи истифодаи оқилонаю мақсадноки замин камбудиҳо хеле зиёданд, гуфт прокурори вилоят Фозилҷон Охунов ба хабарнигорон. Соли гузашта дар натиҷаи 123 санҷиши  151 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва  1107 нафар  ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.          Дар миқёси вилоят соли гузашта барои  риоя накардани қонуни истифодаи замин 163 парвандаи ҷиноӣ боз гардид, ки  нисбат ба соли 2007- ум 119 парванда зиёд мебошад.         Мухбири АМИТ  «Ховар» хабар медиҳад, ки вақтҳои охир  дар таъмини шаҳри Қӯрғонтеппа қувваи барқ  берабтиҳо ва бесару сомониҳо мушоҳида карда  мешавад. Сардори идораи  шабакаҳои барқи шаҳр  Муродалӣ Тағоев зикр намуд, ки  айни ҳол тартиби муайяни интиқоли қувваи барқ муайян карда нашудааст. Қайд карда шуд, ки барои мӯътадил сохтани вазъият тадбирҳо андешида мешаванд.

Январь 14, 2009 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад