ҚУРБИ ДОЛЛАР БОЛО МЕРАВАД

Январь 14, 2009 16:05

         Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Тавре ки маълум аст, қурби доллари ИМА аз рӯзҳои аввали соли нав сар карда, муттасил боло меравад. Аз Бонки миллии ҷумҳурӣ ба АМИТ  «Ховар»  хабар доданд, ки қурби пул ҳамчун яке аз нишонаҳои мусбати  макроиқтисодӣ дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ҳамеша тағйир ёфта метавонад. Ин пеш аз ҳама ба  суръати  пешрафти иқтисодиёт ва  мавқеи мамлакат дар соҳаи фаъолияти берунии иқтисодӣ вобаста мебошад.       Бинобар ин тағйироти арзиши пул дар заминаи вазъияти умумии макроиқтисодӣ, аз ҷумла вобастагии мутақобилаи пешрафти иқтисодиёт, афзоиши истеҳсоли мол, дараҷаи беқурбшавии пул, вазъияти зарару фоидаи тиҷорат ва ғайра ба амал меояд. Дар баробари ин нуқтаҳои  табдили асъор, ки ба бонкҳо ва шахсони алоҳида тааллуқ доранд, дар ин бобат нақши муҳим бозида метавонад. Бонки миллии Тоҷикистон принсипҳо, тартибот ва хусусияти фаъолияти нуқтаҳои  табдили пулро ба низом медарорад.

Январь 14, 2009 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад