ҲАҶМИ ГАРДИШИ САВДОИ ХОРИҶӢ 16,5 ФОИЗ АФЗУД
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар соли сипаригашта Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2007 — ум 7,9 фоиз афзуда, 17 миллиарду 609,3 миллион сомонӣ ё 5134 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар соли 2007-ум 515 доллари ИМА ва дар соли 2008 ба 2390 сомонӣ ё 697 доллари ИМА баробар шуда, афзоиши он 35,3 фоиз таъмин гардид. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ 29 январ, вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғуломҷон Бобозода ба хабанигорон иттилоъ дод. Ӯ афзуд, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар соли сипаригардида нисбат ба соли 2007-ум 4 фоиз камтар шуда, 5 миллиарду 905 миллион сомониро ташкил дод. Хаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишаврзӣ бошад, дар ин давра 7 миллиарду 807,3 миллион сомонӣ таъмин гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 фоиз зиёд аст. Бояд қайд кард, ки дар соли 2008 робитаҳои иқтисодии хориҷии ҷумҳурӣ, ҳам бо кишварҳои ИДМ ва ҳам бо мамлакатҳои хориҷаи дур густариш ёфта, гардиши савдои хориҷӣ 4 миллиарду 676,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки назар ба соли гузашта 16,5 фоиз афзуда аст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






