ҲАҶМИ САРМОЯГУЗОРИИ ХОРИҶӢ КАМ ШУД
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Аз маркази иттилооти СММ хабар доданд, ки дар давоми соли 2008 ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими хориҷӣ нисбат ба соли 2007 — ум 21 фоиз кам шуда, 1,4 триллион доллари ИМА — ро ташкил дод. Дар хабари маркази иттилоотии СММ гуфта мешавад, ки бисёр корхонаю ширкатҳо дар бораи кам кардани истеҳсоли мол, хароҷоти умумӣ ва аз кор озод кардани коргарон қарор қабул намудаанд. Ин сабаби боз ҳам коҳиш ёфтани сармоягузории мустақими хориҷӣ мегардад. Бояд гуфт, ки оқибати бӯҳрони молиявӣ ба ҷараёни сармоягузории хориҷӣ дар минтақаҳои гуногун таъсири хархела мерасонад. Соли 2008 вуруди сармоя ба мамлакатҳои тараққикардаи саноатӣ нисбат ба соли пешин 33 фоиз кам шуд. Дар баробари ин бо вуҷуди душвориҳои вазнини иқтисодӣ, бӯҳрони молиявӣ ва муноқишаҳои минтақавӣ вуруди сармояи хориҷӣ ба мамлакатҳои Осиёи ҷанубу шарқӣ ва ИДМ то андозае афзуд. Ҳаҷми сармоягузорӣ ба ин мамлакатҳо соли гузашта 6,2 фоиз зиёд гардид. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки то 1 январи соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 51 барномаи сармоягузорӣ мавриди иҷро қарор дода шуд, ки маблағи умумии онҳо 5,19 миллиард сомонӣ мебошад. Маблағи сармоягузории мустақим ба мамлакат 3 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Тарҷумон — Қудратов А.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






