ҲАДАФИ «ТОҶИКМАТЛУБОТ» ҒАНӢ ГАРДОНИДАНИ БУҶАИ ДАВЛАТ
Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масъулони Иттифоқи «Тоҷикматлубот» корпартоии тоҷирони бозорҳои минтақаҳои Рашту Кӯлобро ҷиҳати боло бурдани иҷорапулӣ амали нодурусту ноҷо унвон карданд. Онҳо мӯътақид бар онанд, ки «Тоҷикматлубот» қимати иҷорапулиро дар кулли бозорҳои кишвар бо мақсади ғани гардонидани буҷаи давлат дар ҳаҷми 6 фоиз афзоиш додааст, ки ин маблағи ночиз маҳсуб шуда, намебоист боиси эътирози тоҷирон гардад. Мавриди ёдоварист, ки тоҷирони бозорҳои Кӯлобу Рашт барои 1 метри мураббаъ дар як моҳ 60 сомонӣ пули иҷора медоданд. Тибқи муқаррароти нав ин маблағ ба 84 сомонӣ баробар шудааст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






