ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ДОНИШКАДАИ СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ

Январь 26, 2009 15:45

                Душанбе, 26 январ.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Баҳри омӯзиш ва табодули таҷрибаи донишҷӯёну устодони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба наздикӣ ректори донишкада Файзалӣ Комилов зимни сафар ба Туркия бо Донишгоҳи Фотеҳи шаҳри Истамбул шартномаи таълимӣ-медодӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва фарҳангӣ ба имзо расонид. Ин шартнома озмоишӣ буда, дар доираи он донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат метавонанд таҳсили худро дар Донишгоҳи Фотеҳ идома диҳанд. Ҳамчунин устодон имконият доранд, ки барои такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва иштирок намудан дар конфронсҳои илмии дуҷониба ва робитаҳои фарҳангӣ ба Туркия сафарҳои хизматӣ анҷом диҳанд.                  Ғайр аз ин донишкада бо Донишгоҳи давлатии технология ва идораи шаҳри Москва, Донишкадаи давлатии техникаи электронии шаҳри Москва, Донишкадаи давлатии иқтисодии Урали шаҳри Екатеринбург ва Донишгоҳи иқтисодии Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамкорӣ ва равобити байналмиллалӣ дорад.

Январь 26, 2009 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад