ҲАРАҶУ МАРАҶ ДАР МАСЪАЛАИ ТАЪИНИ РОҲБАРИ «ТОҶИКТЕЛЕКОМ»

Январь 23, 2009 17:06

                 Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар»). — Дар шумораи охирини ҳафтаномаи «Нақлиёт» таҳти унвони «Ҳасановро бо усули «хрушёвӣ» аз кор гирифтанд, Мирзоев ҳамагӣ 5 рӯз кор кард, Ҳикматов чӣ ?» мақола чоп шуд.  Муаллифи мақола менависад, ки 16 декабри соли 2008 дар бораи озод кардани роҳбари Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷиктелеком» Раҳмоналӣ Ҳасанов овоза паҳн шуд. Дар ин бора шӯрои директорони Ҷамъияти саҳҳомӣ қарор қабул намудааст.                Худи Ҳасанов хабари аз вазифа озод шуданашро аз барномаи «Ахбор» — и телевизион шунид. Шӯрои директорони Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷиктелеком» 17 декабри соли гузашта бо ҳамон усули пештара Нӯъмон Мирзоевро роҳбари Ҷамъияти саҳҳомӣ таъин намуд. Вале, чӣ мегӯед, ки худи Мирзоев аз ин қарор бехабар буд.               Муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Бег Зуҳуров роҳбари нави ҷамъиятро бо кормандони он шинос намуд. Р.Ҳасанов ҳамон рӯз бо кормандони ҷамъият хайру хуш карда, сабаби аз кор сабукдӯш гардиданашро нафаҳмид.                 Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Абдураҳими Ашӯр баъди се рӯз Н.Мирзоевро ба муносибати ба вазифаи нав таъин шуданаш табрик намуд, вале ӯро 23 январ аз вазифа озод карданд. Роҳбари нави Ҷамъияти саҳомии «Тоҷиктелеком» ҳамагӣ панҷ рӯз кор кард.                То ҳол сабабҳои ба вуҷуд омадани бесару сомониҳо ва ҳараҷу мараҷ дар «Тоҷиктелеком» маълум нестанд. Ҷамъияти мазкур то ҳол роҳбар надорад. Аз ин сабаб кормандони он музди корашонро гирифта наметавонанд.               Айни ҳол вазифаи роҳбари ҷамъиятро сармуҳандиси Шабакаи телефонии шаҳри Душанбе Музаффар Ҳикматов иҷро мекунад. Журналистон ваъда доданд, ки ҳақиқати ҳолро рӯзҳои наздик ба хонандагон маълум хоҳанд кард.  

Январь 23, 2009 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!