ҲАРИФОНИ «РЕГАР» ТАДАЗ ДАР ҶОМИ РАИСИ КФО МУАЙАН ШУДАНД

Январь 30, 2009 10:15

                  Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар шаҳри Куала -Лумпур, пойтахти Малайзиё, қуръакашии сабқати гурӯҳии Ҷоми раиси AFC — Конфедеросиюни футболи Осиё — доир гардид.                 11 дастаи ширкаткунандаи мусобиқот ба 3 гурӯҳ тақсим шуданд. Се дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва беҳтарин дастаи ҷойҳои дуввум ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд.                 Барандаи Ҷоми раиси КФО-2008 дастаи «Регар» ТадАЗи шаҳри Турсунзода дар асоси қуръакашӣ ба гурӯҳи «А» шомил шуд. Дар ин гурӯҳ «Регар» ТадАЗ бо дастаҳои «Непал Полис Клаб» (Непал), «Тайван Пауэр Компани» (Тайван) ва ВАПДА (Покистон) қувваозмои хоҳад кард.                  Макони баргузории сабқати гурӯҳӣ ва ниҳоӣ баъдтар муайян хоҳад шуд. Бозиҳо моҳҳои май (сабқати муқаддамотӣ) ва сентябр (даври ниманиҳоӣ ва ниҳоӣ)-и соли 2009 баргузор мешаванд.

Январь 30, 2009 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд