ҶАЛАСАИ ШЎРОИ АМНИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАШТ
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои амнияти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар рафти он ҳисоботи роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шунида шуда, натиҷаҳои фаъолияти онҳо дар соли 2008 мавриди таҳлилу баррасии ҷиддӣ қарор гирифт ва вазифаҳо барои соли равон муайяну мушаххас карда шуд. Таваҷҷўҳи зиёд ба бартараф намудани камбудию нуқсонҳои мавҷуда, таҳкими омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва фаъолияти дигар сохторҳои дахлдор оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ зоҳир гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои амнияти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти худ ба Раиси Суди олӣ Нусратулло Абдуллоев, Раиси Шўрои адлия Шермуҳаммади Шоҳиён, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ – намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ Зариф Ализода ва Деректори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо Исмоил Шафиев 6 моҳ мўҳлат дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






