ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ДАР СОЛИ 2008
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — «Вазорати тандурустӣ дар соли 2008 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ, корҳои муайянеро амалӣ намуд», — қайд кард дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ, Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов. Тавре аз маркази матбуоти ин Вазорат иттилоъ доданд, дар ҷаласа муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова, роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таълимӣ, тиббию профилактикӣ, роҳбарони кумитаи иттифоқҳои касабаи муассисаҳои тандурустӣ, раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва сардухтурони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.Нусратулло Салимов оид ба фаъолияти Вазорати тандурустӣ дар соли 2008 ва вазифаҳои он дар соли 2009 баромад намуда қайд кард, ки дар доираи «Лоиҳаи мубориза бар зидди бемориҳои сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: марҳалаи 2», ки аз тарафи Бонки рушди Олмон дар ҳаҷми 4,6 млн. Евро маблағгузорӣ мегардад, корҳои сохтмонию таъмирӣ ва муҷҷаҳазгардонии Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил босуръат идома дошта, мувофиқи Нақшаи амалисозии лоиҳа иншооти мазкур то охири соли 2010 ба истифода дода мешавад.Инчунин, лоиҳаҳои таҳия ва пешниҳод намудаи Вазорати тандурустӣ дар байни дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Хазинаи Глобалӣ оид ба мубориза бар зидди бемориҳои ВИЧ/СПИД, вараҷа ва сил ба маблағи 92 миллион доллари амрикоӣ дастгирӣ ёфт. Аз ҷониби Бонки рушди Олмон ҷиҳати таъмиру барқарорсозии таваллудхонаҳои 10 ноҳияи вилояти Хатлон дар давоми солҳои 2009-2010 ба маблағи 17,4 млн. Евро ҷудо мегардад. Дар баробари ин, дар соли ҳисоботӣ лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи Вазорати тандурустӣ ба маблағи 4 млн. доллари амрикоӣ оид ба масъалаҳои ғизои модарону кўдакон аз тарафи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва ба арзиши 1,3 млн. доллари амрикоӣ оид ба рушди потенсиали муассисаҳои тандурустӣ аз ҳисоби гранти Алянси глобалии эмгузаронӣ дастгирӣ ёфт. Инчунин, натиҷаҳои хуби Лоиҳаи тандурустии ҷомеавӣ ва заминавиро ба инобат гирифта Бонки Умумиҷаҳонӣ қарор қабул кард, ки иловатан боз 5 млн. доллари амрикоӣ ҷудо менамояд.








Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






