ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ҲАРАКАТИ ОЛИМПӢ

Январь 22, 2009 15:52

               Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дар ноҳияи Варзоб натиҷаҳои иҷрои ду барномаи Ҳаракати олимпӣ дар шаҳру ноҳияҳои озмоишии ҷумҳурӣ ҷамъбаст карда шуд. Аз дафтари матбуоти Академияи миллии олимпӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар муҳокимаи масъалаи мазкур муовини раиси Академияи миллии олимпӣ, роҳбари барномаи «Ҳаракат ва маърифати олимпӣ» И.Шарифӣ, сардори раёсати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбари барномаи «Зан ва варзиш» Н.Набиева ва дигарон ширкат варзиданд. Намояндагони созмонҳои мутасаддӣ дар бораи фаъолияташон ҳисобот доданд.               Дар ҷараёни мулоқот ба натиҷаҳои хуби ҳаракати олимпӣ дар ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ ва Нуробод баҳои хуб дода, натиҷаҳои ғайриқаноатбахши он дар ноҳияҳои Ваҳдату Кӯлоб ва шаҳри Қӯрғонтеппа ҳадафи танқид қарор дода шуданд.

Январь 22, 2009 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад