ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ВИЛОЯТ

Январь 14, 2009 15:06

          Қӯрғонтеппа, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Дар маҷлиси фаъолони вилояти Хатлон натиҷаҳои  рушди  иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли  2008 ҷамъбаст ва вазифаҳои соли 2009 муайян карда шуданд. Дар ин бора раиси вилоят Ғайбулло Авзал маърӯза кард. Дар маърӯза гуфта мешавад, ки  сокинони вилоят бо вуҷуди душвориҳои  ғайримуқаррарии иқтисодӣ соли гузаштаро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Корхонаҳои саноатии  вилоят соли 2008 ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ маҳсулот бароварданд, ки нисбат ба соли 2007- ум  7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.          Раиси вилоят фаъолияти корхонаҳоеро танқид кард, ки  пешрафти соҳаро суст мегардонанд. Қайд карда шуд, ки  соли гузашта дар миқёси вилоят 15 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият шурӯъ намуд ва дар натиҷа 800 нафар бо кори доимӣ таъмин гардид.        Раиси вилоят корхонаҳои «Бунафша» — и шаҳри Норак ва  «Замин — Текстил» — и ноҳияи Фархорро  дар ҷумлаи корхонаҳои қафомонда ном бурд. Дар маҷлис муовини сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова иштирок намуд.

Январь 14, 2009 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад