ҶАМЪБАСТИ ПЕШАКИИ НАТИҶАҲОИ ОЛИМПИАДАИ ТАЛАБАГОН
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Дар Раёсати маорифи шаҳри Душанбе натиҷаҳои пешакии олимпиадаи талабагони мактабҳои миёна ҷамъбаст карда шуд, ки 7-8 январ баргузор гардида буд. Мудири шӯъбаи раёсати маориф, котиби кумитаи тадорукоти олимпиада, Ҳанифа Сатторова ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки олимпиада аз рӯи 18 фан гузаронида шуд. Дар он талабагони мактабҳои рақамҳои 15, 77, 78, 88, 82, 21, гимназия- интернати тоҷикию русӣ, гимназияҳои «Тиҷорат», «Душанбе», гимназияи иқтисодии шаҳрӣ ва литсеи президентӣ натиҷаҳои беҳтарин ба даст оварданд. Аъзои ҳайати доварон ҷавобҳои иштирокчиёни олимпиадаро ҳамаҷониба санҷида, ғолибонро муайян хоҳанд кард.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






