ҶАСАДИ АВВАЛИН РАИСИ ҶУМҲУРИИ АФҒОНИСТОНРО ДАР ПУЛИ — ЧАРХӢ ЁФТАН

Январь 15, 2009 11:56

        Афғонистон, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Илҳом Нарзиев).-Дар нишасти матбуотие, ки дирӯз дар шаҳри Кобул гузашт, Файзулло Кокар —  раиси комиссиони муваззаф ҷиҳати шиносоӣи ҷасади аввалини раиси ҷумҳурии Афгонистон Сардор Муҳаммад Довудхон, ва аҷсоди хонаводаашон ба сурати қотеъ изҳор дошт, ки  ҷасади аз  тобути гури дастаҷамъии шонздаҳ нафаре, ки тобистони соли гузашта аз полигони Пули – Чархӣ  дарёфт шуд, марбути Сардор Муҳаммад Довуд мебошад. Ба гуфтаи мавсуф, назар ба мушаххасоти ба даст омада, ва бо истифода аз имконоти тиббӣ, адли ва таи мароҳил ба шеваи хос суръат гирифтааст, ки дар натиҷа ба шиносоӣи дақиқи ҷасад роҳ ёфтаанд.           Ин шиносоӣ бо тариқи ҷамъоварии иттилоот, мадорик ва маълумоти аз шаҳрвандони кишвар, ақориби марҳум, ба хусус Сардор Султон Маҳмуди Ғозӣ, генерал Анваршо Хон, ва Ғулом Дарвешхон, чанд нафар-хизмати шахсии шаҳид минхайси шоҳиди айнӣ  ба шиносоӣи ҷасади Довудхон  мутаақим гардиданд. Ф. Кокар аз нишонаҳои қолаби дандонҳои сохтагӣ, ки аз назди докторони Олмонӣ тавассути Сардор Султони Маҳмуди Ғозӣ ба Кобул мунтақил, ва ҳамчунон як ҷилд Куръони Шарифи  ҷайбӣ, ки аз сӯи шоҳи вақти Арабистони Саудӣ таври тӯҳфа ба он марҳум дода шуда буд ва бо иродаи як теъдод шавоҳиди дигар, ҷасади дарёфт шуда, марбути Сардор Муҳаммад Довудхон аст.          Файзулло Кокар гуфт, ки бар асоси шавоҳиде, ки ҷамъоварӣ шудааст собит гардидааст, ки ҷасади зери омӯзиш қарор дошта марбути шаҳид Довудхон буда, аввалин раиси Ҷумҳурии Афгонистон аст. Ба гуфтаи Ф. Кокар, Президент Ҳомид Карзай ба ин комиссион ҳидоят додааст то аҷсоди дигари аъзоёни хонаводаи шаҳидро бо аҷсоди муҳофизоне, ки дар он замон ба шаҳодат расиданд, низ дарёфт ва шиносоӣ кунанд. Ҳамчунон раиси ҷумхур ба вазорати дифои миллӣ ҳидоят додааст, то ҷиҳати тадфиқи ҷасади Сардор Муҳаммад Довудхон ва аҷсоди хонаводаи марҳум иқдомоти лозимӣ намояд.

Январь 15, 2009 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид