ҶИНОЯТКОРОН БА ҚАТЛ МАҲКУМ ШУДАНД

Январь 24, 2009 11:52

                 Пекин, 24 январ. (АМИТ «Ховар» — «Евронюс»). — Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин роҳбари собиқи корпоратсияи «Санлу» ба ҳабси якумрӣ ва ду нафари дигар ба қатл маҳкум шуданд. Қабл аз ин 3 корманди роҳбарикунандаи ҳамин корпоратсия ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуд.                Корпоратсияи мазкур навъҳои гуногуни озуқавории ширӣ истеҳсол менамуд, ки ба он моддаи химиявии меламин ҳамроҳ карда мешуд. Моддаи химиявии мазкур соли гузашта сабаби ҳалокати шаш кӯдак ва бемор гаштани 300 ҳазор писару духтар дар муассисаҳои бачагона гардид.                Дар назди бинои суди шаҳри Шитсячжуан падару модарони бачагони вафоткарда ҷамъ омада, талаб намуданд, ки ҷинояткорон ҷазо дода, марги фарзандонашон ҷуброн карда шавад. Тавре хабар дода шуда буд, муноқишаи шири заҳрноки корхонаҳои Чин моҳи сентябри соли гузашта оғоз ёфт. Мақомоти дахлдори мамлакат фаъолияти корхонаҳои озуқавориро тафтиш карда, маҳсулоти онҳоро мусодира намуданд.

Январь 24, 2009 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид