ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ ЗИЁД МЕГАРДАНД

Январь 21, 2009 11:27

            Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ҷаласаи васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ Сарвари давлат бобати зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ супоришҳои қатъӣ дод.            Барои амалӣ шудани супориш ва дастурҳои нави Сарвари давлат аз тарафи мақомоти иҷрояи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод нақша -чорабиниҳо тартиб дода шуд,- иброз дошт раиси ноҳия Махсум Фозилов.            Тибқи нақша дар соли 2009 аз ҳисоби ҷалб намудан ба корҳои сохтмонӣ беш аз 2 ҳазор сокинони ноҳия бо кор таъмин мегарданд.            Соли 2009 сохтмони кӯпруки Тоҷикобод-Нимич давом дода мешавад. Бо ин мақсад аллакай 14 млн. сомонӣ ҷудо карда шудааст. Сохтмони кӯпруки Янғолик, ки барои рафтуомади сокинони ноҳияҳои Тоҷикобод-Чиргатол, Тоҷикобод-Рашт пешбинӣ шудааст, ҳамин сол оғоз меёбад. Ба ин иншоот дар навбати аввал муҳоҷирони меҳнатӣ, ки шумораи онҳо беш аз 3,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ҷалб карда мешаванд.

Январь 21, 2009 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа