ҶОПОН ҶИҲАТИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН КУМАК МЕКУНАД
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки ба Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон барои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ба маблағи тақрибан 88 ҳазор доллари ИМА кӯмаки ройгон кунад. Чуноне, ки дар Пажӯҳишгоҳи мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар назар аст, ки дар ин бора директори Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон Раҳим Масов ва кордори Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Ёшихиро Накаяма қарордод ба имзо расонанд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки чанд сол пеш Ҳукумати Ҷопон барои ҳифзи ёдгориҳои таърихии Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон 460 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо намуда буд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






